Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомонтаъминот, ки дар гузашта ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии «Лессостройметаллопторг» фаъолият менамуд, дар асоси Шаҳодатномаи таҳти №001-1129, ки 26-уми июли соли 2004 аз тарафи Вазорати Адлия дода шудааст, ҳамчун субъекти фаъолияти хоҷагидор шинохта шудааст.
Пас аз таъсис ёфтан, ҷамъият ҷойҳои нави корӣ таъсис дод, ки дар ин замина сафи кормандон аз 6 нафар ба 60 нафар расонида шуд. Масоҳати умумии Ҷамъият аз 6,1 гектар иборат буда, ҳудуди замини зери анборҳо хоҷагии ёрирасон ва бинои маъмуриро дар бар мегирад. Аз сабаби он ки ин Ҷамъият барои ворид намудани масолеҳи фулузотӣ махсус гардонида шудааст ва дар ҳудуди кишвар ба ин намуди маҳсулот ниёзи зиёд доранд, тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои хизматрасон ҷиҳозонида шуда, барои иҷро намудани фармоишоти мизоҷони кишвар омодаанд.
Ҷамъият фаъолияти хешро дар самти таъмин намудани маҳсулоти фулузотӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ, таҷҳизот, дастгоҳҳо ва тамоми намуди молу ашёи ниёзи мардумро аз хориҷи кишвар ба роҳ монда, нархи ин намуди маҳсулоти воридотиро дар бозорҳои кишвар якчанд маротиба арзон намуд. Сараввал ҷамъият бо Ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Украина, Олмон, Испания ва Хитой ҳамкории судмандро ба роҳ монда, ба мамлакат маҳсулоти хушсифатро бо нархи арзон ворид намудааст.
Аслан, Ҷамъият фаъолияти таъминотии хешро бевосита бе миёнарав ба роњ монда, бо истењсолкунандагони мањсулот шартномањои дарозмуддатро ба тасвиб расонидааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомонтаъминот» баҳри рушду нумўи кишвар сањми беандозаи худро гузошта, минбаъд ҳам сайъ менамояд, ки нақши хешро баҳри амалӣ гардонидани барномаи бунёдкорию созандагии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорад. Аз ин рӯ, дар сохтмонҳои азими кишвар, ки моҳияти ҷумҳуриявӣ доранд, ба монанди сохтмони Неругоҳи Барқии Обии РОҒУН, сохтмони «Масҷиди Калон дар шаҳри Душанбе», Чойхонаи миллии «Хуррамшаҳр» дар ноҳияи Данғара ва Рӯдакӣ, мактабҳо барои макатаббачагони лаёқатманд дар шаҳри Қурғонтеппа, ноњияи Данғара ва шаҳри Душанбе, Донишгоҳи политехникӣ дар шаҳри Душанбе, бинои «Ориёнбонк» дар ноњияи Данѓара, сохтмони Маљмааи варзишии «Солим», Чойхонаи Милии «Кохи Навруз» иштирок намуда, масолењи сохтмонию фулўзотиро бо нархи нисбатан арзон таъмин намудааст.
Яке аз сохтмонҳои нисбатан муҳим ва серталабот ин сохтмони «Масҷиди Калон дар шаҳри Душанбе» мебошад, ки маблағгузор ва мушовирони он аз давлати Қатар буданд. Роҳбарияти он барои таъмини масолеҳи зарурӣ танҳо ба ҶДММ «Сомонтаъминот» муроҷиат намуданд. Ногуфта намонад, ки талаботи мутахассисони иншооти «Масҷиди Калон дар шаҳри Душанбе» дар сатҳи байналмиллалӣ қарор дошта, на ҳар ширкат метавонист онро дар сатҳи зарурӣ иҷро намояд. Яке аз талаботҳои он пас аз дастрас намудани маҳсулот пардохт намудани маблағ мебошад ва бар замми ин дар ҳолати мутобиқ набудани сифат ва сертификати маҳсулот фармоишгар метавонад молро қабул накунад. Хушбахтона аз оғоз то анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур кормандони Ҷамъият фармоишоти Фармоишгарро бе ягон камбудӣ таъмин намуда, шартҳои муқаррарнамудаи шартномаро пурра иҷро намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтњои асосии барномаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон ин таъмини нерӯи барқфурўши он ба кишварҳои ҳамсоя ва дар ҳамин замина тараққӣ додани соҳаи саноати вазнину сабуки кишвар мебошад. Аз ин ҷост, ки мақсади муҳими асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин ба истифода додани нерўгоњи барқии обии «Роғун» мебошад.
Роҳбарияти ҶДММ «Сомонтаъминот» муҳиммияти лоиҳаи мазкурро дарк намуда, аз њисси ватандӯстӣ ва меҳанпарварӣ аз оғози корҳо то њол яке аз таъминкунандагони асосии таҷҳизот, дастгоҳ ва молу масолеҳи сохтмони ин иншооти аср (НБО Роғун) гардидааст. Албатта бо дарки маъсулиятшиносӣ роҳбарияти Ҷамъият бевосита бо истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва дастгоҳҳо дар хориҷи кишвар чандин маротиба вохуриҳо гузаронида, роҳҳои ворид намудани таҷҳизотҳои азимро мусоҳиба менамуданд.
Дар радифи ин бунёдкориву созандагӣ дар соли 2016-ум Хоҷагии Рустамҷон бо масоҳати умумии 2543,87 га заминҳои кишти ангур ва чарогоҳҳо дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд, ки ин боз ҳам аз ҳисси ватандустӣ ва боварӣ ба ояндаи нек дарак медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.
ҶДММ «Сомонтаъминот» муњиммияти ҳадафи мазкурро дарк намуда, соли 2023 барои истеҳсоли мозайка аз шиша (кошинҳои майда) таҷҳизот ворид намуд ва дар соли 2024 истеҳсоли онро ба роҳ монда истодааст, ки ин боиси ташкил намудани ҷойҳои кории холӣ мегардад.
Инчунин, ҷамъият барои рушди фаъолияти корӣ ва иштирок дар сохтмонњои муҳими кишвар соли 2021 аз тарафи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолият оид ба сохтмони биноҳо ва иморату иншоот (аз ҷумла барои васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда), иншооти муҳандисӣ ва иҷрои вазифаҳои пудратчии генералӣ, инчунин иҷозатномаи фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ дода шуд.
Барои дар сатҳи талаботи муштариён иҷро намудани фармоишҳо Ҷамъият техникаҳои ҳозиразамонро харидори намуда, мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намудааст. Айни дар Ҷамъият кранҳои пуриқтидори борбардор тамғаи КК- 30- 32, воситаҳои нақлиёти вазнинбор 10 адад, экскаваторҳо 2 адад, мошинҳои ёрирасони боркаш, тарозуњои баркашандаи бори вазнин фаъолият доранд, ки дар тамоми вақту соат метавонанд ниёзи мардумро амалӣ намоянд.